Изҳороти Сафорати ИМА дар мавриди ҳукми аъзои ҲНИТ
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳукми аъзои аршади ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтааст, чунин корҳо садои мухолифинро сокит намуда, ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар кишвар монеъ эҷод мекунанд.
Дар ин изҳорот, ки имрӯз, 9 июн нашр шуд, гуфта мешавад, сафорат аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, мурофиаи додгоҳии аъзои ҲНИТ шаффоф ва одилона баргузор шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 июни соли равон Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит, муовинони раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум карда, ёздаҳ нафари дигарро аз 2 то 28 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар изҳороти Сафорати ИМА омадааст, онҳо аз ҳукумат ҳамчунин хоста буданд, ҳуқуқи айбдоршавандаҳо тавассути риоя намудани уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя шавад: “Сафорати ИМА ба Ҳукумат оид ба роҳ надодани аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок кардан ва мушоҳида намудани раванди мурофиаи судӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир суръат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеъ эҷод менамоянд”.
Дар идомаи изҳорот гуфта шудааст, сулҳу субот, амният ва шукуфоии мунтаззам, ки Тоҷикистон барои ба он ноил гаштан талош мекунад, танҳо тавассути зоҳир намудани уҳдадориҳои қавӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва арзишҳои аслии озодӣ барои ҳамагон, инчунин таъмини раванди боадолати мурофиаи судӣ ва иштироки баробари шаҳрвандон дар раванди демократӣ ба даст меоянд.
7 июн Созмони “Дидбони ҳуқуқи башар”, “Кумитаи Ҳелсинкӣ” ва “Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна” бо пахши як изҳороти муштарак ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ноодилона хонда буд.