Наздикони маҳкумшудаҳои аршади ҲНИТ: Ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳро нагирифтаем
Наздикони аъзои маҳкумшудаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, бо гузашти 7 рӯз аз эълони ҳукми Додгоҳӣ олӣ ҳанӯз нусхаи ин ҳукмро дарёфт накардаанд.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ имрӯз, 9 июн ба “Озодагон” гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олӣ, ки шавҳарашро ба ҳабси абад маҳкум кард, ризо нестанд ва мехоҳанд ба мақомоти болоӣ шикоят баранд: “Котиби додгоҳ ба мо гуфт, то замоне, ки судшаванда ҳалномаи судиро дар дасташ нагирад, ҳаққи шикоят ба ягон ҷоро надоред. Мо барои шикояти кассатсионӣ ҳамагӣ 10 рӯз фурсат дорем, аммо бо гузашти 7 рӯз ба мо иҷозаи дидор бо шавҳарамро надодаанд”.
Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит низ гуфт, пас аз шинос шудани зерҳимояаш бо ҳукми додгоҳ ба Суди кассатсионӣ шикоят хоҳанд бурд: “То рӯзи 7 июн нусхаи ҳукмро ба Маҳмадалӣ Ҳайит надода буданд. Бояд ӯ бо ҳукми додгоҳ шинос шавад. Ман ният дорам имрӯз ба Додгоҳи олӣ барои вохӯрӣ бо зерҳимояам дархост нависам. Иҷозат шуд, мулоқот мекунем ва агар вай нусхаи ҳукмро гирифта бошад, як ҷо шикоятро тартиб медиҳем”.
Бар пояи қонунгузории Тоҷикистон баъди эълони ҳукм давоми 10 рӯз маҳкумшудаҳо метавонанд ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин 10 рӯз аз замони ба дасти судшаванда расидани нусхаи ҳукм ҳисоб карда мешавад. Баъди ин муҳлат ҳукм қувваи қонунӣ мегирад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 июни соли равон Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Аъзои дигари аршади ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аз 2 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.