Билл Гейтс бо чӯҷа аз фақр дар ҷаҳон ҷилав гирифтанист
Билл Гейтс, бунёдгузори ширкати “Майкрософт” ва яке аз сарватмандони ҷаҳон тарҳи наверо роҳандозӣ карданист, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз фақр мебошад.
Гейтс гуфтааст, дар доираи ин тарҳ ба 12 кишвари фақири ҷаҳон, ки аксари онҳо дар Қораи Африқо ҳастанд, чӯҷаи мурғ мефиристад. Ба қавли ӯ, ин чӯҷаҳобаъди воксин шудан миёни рустоиёни ин кишварҳо тавзеъ хоҳанд шуд. Ба бовари Билл Гейтс, парвариши чӯҷаҳо ба манзури тавлид ва фурӯши тухм ва гӯшти мурғ манбаи даромади нав барои сокинони кишварҳои мавриди назар мешавад.
Дар мавриди роҳандозии ин тарҳ дар як нишасти хабарӣ дар маркази тиҷорати ҷаҳонии Ню-Йорк эълом шудааст. Гейтс аз мардум хостааст, ба ин тарҳ кумаки молӣ кунанд, зеро барои иқдоми муассир ба теъдоди бештари чӯҷа ниёз аст.