Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)
Ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов, нахустпрезиденти Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми июн баъди намози пешин баргузор мешавад. Ӯ дар қабристони Сари Осиё дар бари ҳамсари марҳумаш ба хок супорида хоҳад шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдурашид Маҳкамов, бародари марҳум хабар дода, афзуд, ки маросими ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов тибқи васияти худи ӯ сурат мегирад.
Абдурашид Маҳкамов изҳор дошт, ки марҳум баъди як моҳи бистарӣ шуданаш дар беморхона, вақте фаҳмид, ки беморияш табобатнашаванда аст, гуфт маро ба хона баред: “Давоми ду ҳафтаи охир дар хона буд. Ӯ гуфт, ман дар зиндагиам аз мардуми оддӣ дур набудам, бинобар ин ҷанозаамро хоксорона, бедабдаба мисли мардуми оддӣ гузаронед”.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз манзили марҳум хабар дод, барои видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов намояндаҳои қишрҳои гуногун, аз ҷумла мансабдорони давлатӣ-Маҳмадсаид Убайдуллоев, Муродалӣ Алимардон, Сироҷиддин Аслов, Оқил Оқилов, Шералӣ Ганҷалзода, Сумангул Тағойзода ва дигарон ҳозир шудаанд.
Қаҳҳор Маҳкамов, 8-уми июн, дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.