Эътирози маргбори ду дилдода дар Дӯстӣ: Худро аз ҷарии 100 метр партофтанд...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликӯли вилояти Хатлон ду дилдода - ҷавони 20-сола ва духтари 16-сола бо нишони эътироз худро аз баландии 100 метр поин партофтаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса тахминан соатҳои 07:30-и рӯзи 7 июн рух додааст. Манбаъ мегӯяд, ин ду дилдода баъди он ки волидонашон бо далели ноболиғ будани духтар барои оила барпо намудани онҳо розӣ нашудаанд, болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, даст ба дасти ҳамдигар гузошта, худро аз ҷарии 100 метр поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.