Паёми Зуҳуров ба додситони кул: Барои дигар мансабдорон намуна бошед
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9-уми июн лоиҳаи қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро қабул намуданд, ки ба баррасии беҳтари муроҷиатҳои шаҳрвандон аз сӯи мансабдорон равона шудааст.
Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони кулли Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадаф аз қонуни нав ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Ба гуфтаи Ваҳҳобов воқеияти феълӣ баёнгари он аст, ки бархе мансабдорон баррасии шикояту муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондаанд. Ноиби додситони кул таъкид намуд, ки барои мансабдорон бояд қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҷойи аввал қарор бигирад.
Мавлуда Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагон дар робита ба қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” гуфт, ин лоиҳа кафолати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ фарқи қонуни нав аз дигар санадҳои меъёрӣ дар он аст, ки бар асоси он дар баробари шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ низ ҳақ доранд, тариқи хаттӣ, шифоҳӣ, телефон, почтаи электронӣ, матбуот ва ғайра ба мансабдорону идораҳои давлатӣ муроҷиат кунанд. Қаландарзода афзуд, ки масъулияти мансабдорон дар самти баррасии муроҷиати шаҳрвандон низ бештар шуда, дар сурати беасосу саривақт баррасӣ нашудани арзу шикояти шаҳрвандон барои мансабдорон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудаст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки шаҳрвандон ҳеч гоҳ ба мансабдорон аз хурсандӣ муроҷиат намекунанд. Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон шаҳрвандон аз дард, беадолатиҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, аз бемасъулиятии вазирону вакилон ба идораҳои давлатӣ муроҷиат мекунанд ва бояд ба арзи онҳо расидагӣ шавад. Зуҳуров дар хитоб ба Ваҳҳобов изҳор дошт, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бояд дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон барои дигар мансабдорон намуна бошаду ягон муроҷиатро бе баррасӣ нагузорад. Раиси Маҷлиси намояндагон аз Ваҳҳобов хост, ин хоҳиши ӯро ба додситони кулли Тоҷикистон расонад.