Боздошти як шаҳрванди Узбакистон бо шиносномаи тоҷикӣ
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз ошкор шудани як ҳолати талоши вуруд ба ин кишвар бо шиносномаи қалбакӣ ба номи шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 7 июни соли равон дар нуқтаи назоратии “Кызыл-Бель-автодорожный” як зан шиносномаи тақаллубиро ба маъмурин пешниҳод кардааст: “Ҳангоми бозрасӣ маълум шуд, ки ин зан шаҳрванди Узбакистон будааст”.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ин зан мехостааст бо шиносномаи қалбакӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузарад: “Баъди тартиб додани санадҳои лозим боздоштшуда ба ихтиёри кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурда шуд”.