Хомӯшӣ ба хотири Маҳкамов ва изҳороти Зуҳуров: Мисли ӯ одами хоксору поквиҷдонро надидаам
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ёди Қаҳҳор Маҳкамов, нахустпрезидент ва узви Маҷлиси Миллиро бо эълони лаҳзаи хомӯшӣ пос доштанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон имрӯз, 9-уми июн зимни ҷаласаи парлумон даргузашти Маҳкамовро талафоти бузург арзёбӣ карда, афзуд, ки “ман дар зиндагиам мисли Маҳкамов одами хоксори поквиҷдонро надидаам”.
Зуҳуров таъкид намуд, ки Маҳкамов тайи зиндагиаш барои Тоҷикистон хизматҳои шоиста карда, то абад дар хотири мардум хоҳад монд: “То охири умраш бо ӯ робитаю дӯстӣ доштем. Роҳи охираташ сафед, аз Худованд хоҳони онем, ки ҷояшро ҷаннат гардонад”.
Рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович, ки 8-уми июн даргузашт, изҳори ҳамдардӣ карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллияташ изҳор дошт, ки “Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд”.
Ба иттилои наздикони Маҳкамов моҳҳои охир вазъи саломатии марҳум бад шуд ва чанд рӯз қабл ӯ аз бемористон мураххас шуда буд. Тибқи васияти Маҳкамов ӯро дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок хоҳанд супурд.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт.