Эътирози донишҷӯён: Дар Рамазон рухсатӣ мехоҳем!
Донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул ба хотири рухсат нашудан дар моҳи Рамазон даст ба эътироз задаанд.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ин ҳаракати эътирозӣ имрӯз, 8 июн аз Донишгоҳи Кобул шурӯъ шуда то муқобили бинои Вазорати таҳсилоти олии ин кишвар расидааст.
Мӯътаризон бо сар додани шиорҳои “На лӯбиё на качолу, рухсатӣ рухсатӣ” ва “Таҳсилоти таҳмилӣ намехоҳем” эътирози худро баён кардаанд. Ба иддаои донишҷӯён, бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон набуди макон ва ғизои муносиб дар хобгоҳ ва дур будани манзили бархе аз муҳасилин сабаби эҷоди мушкилоти зиёде барои онҳо шудааст. Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дар вокуниш ба ин тазоҳурот гуфтааст, ҳаргуна тасмим дар мавриди рухсатии моҳи Рамазон аз сӯи раисиҷумҳур гирифта мешавад.