Пешгӯии то 44 дараҷа гармӣ ва ҳушдори наҷотдиҳандагони тоҷик
Дар пайи эълони обуҳавошиносон, ки тайи се рӯзи оянда дар кишвар то 44 дараҷа гармиро пешгӯи мекунанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз 9 то 12 июн эҳтимоли об шудани захираи барфу пиряхҳо зиёд мебошад, ки метавонад боиси обхезиву сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ шавад: “Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сокинонро аз хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор дода, маслиҳат медиҳад, ки дар рӯзҳои гарм, бахусус аз соати 11 то 17-и рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд”.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, тайи се рӯзи оянда эҳтимоли то 44 дараҷа гарм шудани ҳаво дар вилояти Хатлон вуҷуд дорад. Инчунин обуҳавошиносон пешгӯӣ кардаанд, ки аз 9 то 12-уми июн дар навоҳии куҳӣ ҳаво то 35 дараҷа, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз то 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бо зикри ин Маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар навоҳии баландтар аз 3600 метри Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт эҳтимоли фаромадани селоб вуҷуд дорад.
Ин ҳушдору пешгӯӣ дар ҳолест, ки селу обхезии рӯзҳои гарми тобистони соли гузашта дар навоҳии куҳӣ беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисорот овард.