Номаи бошандаҳои хобгоҳи №28 ба Президент: Моро бе қарори суд мекӯчонанд!
Як гуруҳ аз сокинони хобгоҳи умуми бинои №28, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.
Ин афрод дар як мактуби дастаҷамъӣ унвонии Президент мегӯянд, бидуни қарори додгоҳ ва бе пешниҳод кардани ҷойи дигаре онҳоро аз манзилҳои зисташон мекӯчонанд. Дар мактуб омадааст, дар ин хобгоҳ кормандон, собиқадорони меҳнат, бознишастаҳо ва маюбони Трести “Душанбестрой” ба сар мебаранд, ки ҳоло номи Корхонаи воҳидии давлатии “Манзили сохтмончиён”-ро дорад: “Ҳар якеамон дар ҳамин корхонаи давлати зиёда аз 10 сол хизмат кардаем ва дар асоси Манзилномаҳо, ки аз Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмори Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили сохтмончиён расман ба номи моён дода шуда, дар хобгоҳи номбаршуда ошкоро ҳуҷраҳоро ишғол намуда, бо аҳли оилаҳоямон солҳои тулонӣ доимӣ ва муқимӣ то инҷониб истиқомат карда истодаем. Дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №80-ф аз 9 августи соли 2014 бинои хобгоҳамон №28, воқеъ да кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз тавозуни КВД “Манзили сохтмончиён”–и Хадамоти назорати давлатии меъмори ва сохтмони Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаст”.
Дар идомаи нома ба Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ҳоло роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайн бе қабул шудани ҳалномаи дахлдори судӣ, бе дода шудани варақаҳои иҷроия, бе иштироки намояндагони мақомоти прокуратура, дарҳои бинои хобгоҳро баста, атрофи биноро бо тунука баста, ба сокинон иҷозаи вуруд ба ҳуҷраҳояшонро намедиҳанд: “Илова бар ин додани қувваи барқ ва обро пурра қатъ кардаанд ва аз таърихи 06.06.2016 сол, нуқтаҳои ҳоҷҷатхонаҳоро дар бинои Хобгоҳ пурра валангор кардаанд”.
Сокинони хобгоҳ дар мактуби дастаҷамъӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардаанд, нисбати роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайн барои ба гуфтаи онҳо содир кардани қонуншикании ҷиддӣ дар шакли дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои манзилии 35 оилаи сохтмончиён, чораҳои қонунӣ андешида, барои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиониашон ба манзил таъҷилан мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносони созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” мегӯянд, бе санади суди аз хобгоҳи умумӣ берун кардани бошандаҳои он ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов ва Шоира Давлатова, намояндаҳои ин ташкилот, бар асоси талаботи моддаи 154-и Кодекси манзил ҳамаи баҳсҳои манзилӣ дар суд ҳал карда мешаванд: “Бо асосҳои моддаи 83-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки дар корхонаву идораҳои давлатӣ зиёда аз 10 сол фаъолият кардаанд (аъзои оилаи кормандони фавтида), инчунин маъюбон, нафақахӯрон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, нафақахӯрон аз рӯи пиронсолӣ, ашхоси яккаву танҳо, ки ҳамроҳашон кӯдакони ноболиғ зиндагӣ мекунанд, оилаҳои серфарзанд, ки 5 ва бештар фарзанд доранд ва барои шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбурӣ аз майзадагии музмин ва нашъаманди фиристода шудаанд, дар сурати баъд аз анҷоми муҳлати муолиҷа давом додани корашон ҳуқуқи ба хонаи истиқоматии идора доштаашон ҳифз карда мешавад, бидуни додани хонаи истиқоматии дигар набояд аз хонаи истиқоматии хизматӣ бароварда шаванд. Амалҳои шахсони мансабдор, ки бе санади судӣ сокинонро аз хобгоҳи умумӣ маҷбурӣ бе додани манзили дигаре кӯчониданианд, бояд аз тарафи мақомоти Прокуротура санҷиш карда шаванд”.
Озодагон дар сурати дастрас кардани нуқтаи назари ҷониби дигар онро нашр мекунад