Даргузашти собиқ вазири фарҳанг, нахустин раиси Дастгоҳи Президент
Султон Мирзошоев, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ва нахустин раиси дастгоҳи иҷроияи Президент дар замони Истиқлолият шаби 7-уми июн дар пайи бемории кӯтоҳмуддат дар синни 84-солагӣ аз дунё даргузашт.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки маросими видоъ бо Мирзошоев дар маркази Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода дар назар аст. Ба иттилои манбаъ Мирзошоев дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супорида хоҳад шуд.
Мирзошоев Султон Шарипович, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва Мактаби олии ҳизби коммунист дар Маскав буда, ходими хизматнишондодаи фарҳанг, узви Иттиҳоди синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ӯ дар вазифаҳои намояндаи доимии Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (1973-97), вазири фарҳанги Тоҷикистон (1979-87), раиси ҷамъияти дӯсти ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо халқҳои хориҷӣ (1987-90), муншии аввали Ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб кор кардааст. Нахустин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлати Тоҷикистон будааст, ки дар солҳои 1993-94 кор кард. Баъдан аз соли 1998 то 2007 раҳбарии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” –ро ба уҳда дошт. Аз соли 2007 инҷониб бознишаста буда, ба навиштани китобҳо машғул буд. Аз охирин китобҳояш “Сталин, Рузвелт, Черчилл ва Ҷанги дуюми ҷаҳон” буд, ки моҳи майи соли гузашта дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов рӯнамоӣ шуд.
Дар ин маҳфил Мирзошоев ба суол дар бораи ташаббуси додани унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи Қазоқистону Туркманистон, ки ба президентҳояшон унвонҳои елбаси, туркманбошӣ ва аркадаг додаанд, зикр карда, гуфт, ки аз ин ҳама чӣ фоида? Ӯ таъкид намуд, ки болотар аз Президент, сарвари давлат вазифаи дигаре нест, зеро Президентро мардум бовар карда, интихоб кардаанд. Дар ин маҳфил Мирзошоев инчунин аз нерӯ ва таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон тавсиф карда, изҳор дошт, ки ҳоло ҷавон аст ва нерӯи кор карданро дорад.