Ҳалокати духтарчаҳои 6-сола зери чархи “Опел” ва “Хундай”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 7-уми июн дар кишвар ду духтарчаи 6-сола зери чархи мошинҳо ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла ронандаи 19-сола ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Фархор аз уҳдаи таъмини бехатарӣ набаромада, духтарчаи 6-сола, сокини кӯчаи Синои ин ноҳияро зер кардааст: “Дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додаст”.
Манбаъ афзуд, ки инчунин 7-уми июн ронандаи 34-солаи “Хундай-Соната”, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов духтарчаи 6-сола, сокини ҳамин ҷамоатро зер намудааст: “Духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.