Бордюжа: Аз кишварҳои узви СПАД 10 ҳазор нафар дар Сурия меҷанганд
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ҳудуди 10 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои ин созмон дар сафи гуруҳҳои террористӣ дар Сурия меҷанганд.
Ӯ гуфтааст, иттилои дақиқ дар мавриди теъдоди ҷангиёнро аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо рӯи даст доранд. Аммо ӯ эълон накардааст, ки аз ҳар кишвар дар алоҳидагӣ чанд нафарӣ дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишварро, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, наздики 1000 нафар гуфта буданд, ки бештари онҳо аз Русия ба он давлатҳо рафтаанд.
“РИА Новости” аз қавли Бордюжа менависад, феълан раванди низоми назорати ҷараёни вуруди муҳоҷирон аз минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳ роҳандозӣ гардидааст, то тамоюл ва вазъи ин раванд дар умури муҳоҷират баррасӣ шавад: “Агар ин тамобл суръат гирифта, ба амнияти давлатҳои узви СПАД таъсиргузор шаванд, чораҳои мушаххас андешида мешавад, аммо ҳоло чунин зарурат вуҷуд надорад”.
Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд. Қароргоҳи он дар Маскав аст.