Эътирози волии Балх аз сабти "инҳисоргароёна"-и “Маснавии маънавӣ” дар Юнеско
Ато Муҳаммад Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии тоҷикони ин кишвар бо ирсоли як нома унвонии Маҳмуд Сақил, намояндаи кишвараш дар Созмони Миллаи Муттаҳид хостааст, дар баробари сабти ба гуфтаи ӯ инҳисоргароёнаи “Маснавии маънаӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ҳамчун мероси муштараки фарҳангии Эрону Туркия дар ЮНЕСКО эътирози ҷиддӣ кунад. Ӯ талаб кардааст, иҷоза надиҳанд, то саҳми Балх, ки модари Мавлоност дар сабти ӯ миёни ифтихороти Созмони милал нодида гирифта шавад.
Ин эътироз ва тақозои волии Балх дар ҳолест, ки бар асоси сару садоҳо Эрон ва Туркия ба созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) пешниҳод кардаанд, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ба унвони мероси муштараки фарҳангии Эрону Туркия дар феҳрасти мероси ғайримодии ин ниҳод номнавис шавад.
Бисёре аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ва олимону донишмандони Афғонистон ва Тоҷикистон инро як пешниҳоди инҳисоргароёна маънидод кардаанд. Ин тасмими Эрону Туркия дар Афғонистон ба вокунишҳои ҷиддии ҷомеаи илмиву фикрӣ ва адабӣ сабаб шуда, онҳо аз ҳукумати кишвари худ хостаанд, дар ин кор саҳим шавад.
Ато Муҳаммади Нур дар ин номаи худ навишта, “аз он ҷо ки Мавлоно дар Балх ба дунё омада ва солҳои кӯдакӣ то навҷавонияш дар Вахш, Самарқанд, Шом ва бештар дар Қуния таҳти назари падари бузургворашон Султонулуламо Баҳоудин Валад, ки худ донишманди номии Балх буданд, шакл гирифтааст, Мавлонои Балх метавонад сабаби ифтихор ва ҳамгироии минтақаи мо бошад. Балх ба хотири доштани фарзанде монанди Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, ки аз ифтихорот ва сармояҳои маънавии тамоми ҷаҳон аст, ба худаш меболад”.
Волии Балх маҳдуд сохтани Мавлоноро ба як ва ё ду кишвар “рехтани баҳр дар кӯза” унвон намуда, шоистаи номи бузурги ӯ надонистааст.
Дар Тоҷикистон низ ин навъи пешниҳод ба ЮНЕСКО боиси эътирозҳое шуда ва шуморе аз фаъолону донишмандон хостори шарокати давлат дар ин пешниҳод шудаанд. Вале Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз тасмими ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддин Балхӣ тоза огоҳ шудааст ва то кунун бо Эрон ва Туркия дар ин тасмим шарик нест.
“Маснавии маънавӣ” асари оламшумули Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки яке аз пурхонандатарин асарҳо дар Аврупо ва Амрико ба ҳисоб меравад. Чанд сол аст, ки ин асари Мавлоно дар Амрико дар баробари “Библия” аз пурфуруштарин асарҳост ва яке аз мутарҷимини ин асар сабаби маҳбубияти онро миёни хонандаҳои амрикоӣ “гуруснагии ахлоқии амрикоиҳо” ном бурда буд.
Худи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз шоирон ва донишмандони тавонои фалсафа, ирфон ва тасавуф аст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ба бовари аксари донишмандон ва пажуҳишгарони осор ва рӯзгори ин аллома, ӯ зодаи Вахши Тоҷикистон аст, ки дар он замон аз мавзеъҳои тобеи Балх будааст ва баъди як сафари Ҳаҷҷ шаҳри Қунияро барои зиндагӣ баргузидааст ва дар ҳамин шаҳр ба хок супурда шудааст.
Дар Тоҷикистон чанд сол қабл 850-солагии ин орифи ҷаҳоншумул дар сатҳи давлатӣ таҷлил шуд ва дар водии Вахши Тоҷикистон ҳам ноҳияе ба номи ӯ гузошта шудааст.