Ду худкушӣ дар як рӯз дар шимоли Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ду ҳолати худкушӣ ба қайд расидааст.
Манобеи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ки субҳи душанбеи 6 июн як сокини 40-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар яке аз ҳуҷраҳои манзили зисташ худро овехтааст.
Манбаъ афзуд, шоми ҳамон рўз, як ҷавонмарди 35-сола, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ даст ба худкушӣ задааст: “Ӯ худро дар оғилхонаи манзили истиқоматиаш ба дор кашидааст”.
Барои муайян кардани сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин ду нафар мақомоти дахлдор тафтишот мебаранд.