6,5 соли ҳабси Шайхов, узви пушаймоншудаи “ДИИШ” дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шайхов Аҳлиддин, сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” гунаҳкор дониста, ба 6 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳ дар мурофиа муайян шуд, ки Шайхов ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо Қиёмиддин Рузалиев, шаҳрванди Тоҷикистон ва Муҳаммад, як зодаи Доғистон вохӯрда, бо таклифи онҳо тахминан моҳи сентябри соли 2015 ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайвастааст: “Моҳи сентябри соли 2015 Шайхов ҳамроҳи Рузалиев ва Салмон, як шаҳрванди Русия бо мақсади сафар ба Сурия тариқи хатсайри Астрахан-Истанбул ба Туркия парвоз намудаанд”.
Манбаъ афзуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул ҷавонони тоҷикро як доғистонӣ бо номи Аҳмад, пешвоз гирифта, то моҳи декабри соли 2015 дарсҳои ақидавӣ гузарондааст: “Тахминан 20 декабри соли 2015 ба воситаи мошини мусофиркаш ба шаҳри Газиантепи давлати Туркия рафта, ҳангоми убури сарҳад бо Сурия аз ҷониби мақомоти пулис боздошт шудаанд”.
Бар асоси иттилоияи додгоҳ Шайхов пурра гуноҳашро иқрор карда, таъкид намудааст, ки аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад. Ӯ афзудааст, ки дар Тоҷикистон модари танҳо дорад, ки фарзандҳои хоҳари марҳумашро танҳо тарбия мекунад. Бо зикри ин Шайхов аз додрас хоҳиш намудааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъйин карда шавад.
Суд Шайховро дар қасди ҷиноӣ ва узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” гунаҳкор дониста, ба 6,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.