HRW: Ҳукми наҳзатиҳо “масхараи адолат” аст, мақомоти тоҷик бояд танбеҳ шаванд
Созмони “Дидбони ҳуқуқи башар”, “Кумитаи Ҳелсинкӣ” ва “Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна” бо пахши як изҳороти муштарак қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломиро ноодилона хондааст.
Муаллифони изҳорот, ки имрӯз, 7-уми июн нашр шудааст, маҳкумияти наҳзатиҳои аршадро нақзи бузурги адолат ва ҳуқуқу озодии баён хондаанд. Дар гузориши ин се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, ки намояндаҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба ин ҳукмҳо бо иқдоми ҷазоӣ алайҳи мақомоти тоҷик ҷавоб бидиҳанд, то беҳбудиҳои мушаххаси ҳуқуқи башар ба миён ояд.
Стив Свердлов, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, гуфтааст, агар иҷоза дода шавад ин ҳукми золимона на танҳо ба мухолифини мусолиматомез, балки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарба мезанад: “Ин ҳукмҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кас дар Тоҷикистон метавонад мавриди барчасби ҷиноӣ қарор гирад ва ба осонӣ ба хотири розӣ набудан бо ҳукумат дучори муҷозот шавад”.
Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна гуфтааст: “Ҳадафи ин ҳукм саркӯби сиёсӣ буд. Ҷинояти муттаҳамон сохта ба назар мерасад, аммо сарнавишти онҳо аз пеш таъйин шуда буд. Ин масхара кардани адолат аст.”
Мариус Фосум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ дар ин гузориш гуфтааст: “Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ин тамасхури адолатро якдилона ва ба таври умумӣ маҳкум кунанд. Вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо суръати баланд дар ҳоли бадшавист ва фурсате расидааст, ки Вашингтон, Брюсел ва дигар бозигарон имкони иқдомоти танбеҳиро баррасӣ кунанд.”
Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июн Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро ба 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳоро ба 2 соли зиндон маҳкум кард.
Як рӯз баъд аз ин ҳукми Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро интиқод кард. Дар ин гузориш аз қавли Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо мурофиаи аъзои ҲНИТ ношаффоф арзёбӣ шуда буд. Косянчич изҳор дошт, ки ҳаққи маҳкумшудаҳо барои мурофиаи мунсифонаи додгоҳӣ нақз шудааст: “Ин иқдом зидди уҳдадориҳои байналмилалист, ки Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Бояд далелҳои қотеи гунаҳкорӣ аз рӯи тамоми иттиҳомҳо пешниҳод мешуданд. Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон метавонад ба ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид кунад”.