Суди болоӣ ҳабси Чабуев, муттаҳам дар қатли тоҷиконро асоснок хонд
Додгоҳи Маскав имрӯз, 7-уми июн шикояти апелятсионии вакилони дифои Юрий Чабуев, раҳбари пешини қабристони “Хованское”, муттаҳам дар қатли се тоҷикро баррасӣ карда, рад намудаст.
Тибқи иттилоияи додгоҳ, вакилони дифои Чабуев дар мурофиаи имрӯза изҳор доштаанд, ки зерҳимояашон дар марги тоҷикон гунаҳкор нест ва бояд давоми тафтишот аз боздошт раҳо шавад. Вакилон афзудаанд, ки Чабуев дар қабристон вазифаи хидматияшро иҷро карда, тариқи ҷалби мақомот талош намудаст, муноқишаро ҷилавгирӣ кунад: “Афроде, ки дар қабристон ҳалок шуданд, зери чархи “лада приора” монда буданд. Бо ин мошин боздидкунандагон аз қабристон талош намудаанд худро наҷот диҳанд. Инро набояд куштор номид ва гӯиё даст доштани зерҳимояи ман дар қазия “абсурд” мебошад. Оё метавонист зерҳимояам вуҷуди тӯдаи хашмгину силоҳро пешгӯӣ кунад ва донад, ки барои халосӣ аз тӯдаи хашмгин аз силоҳ истифода хоҳад шуд”-гуфтаст яке аз вакилон.
Вакили дифоъ илова намудааст, ки мақомоти тафтишотӣ иттиҳоми гардиши ғайриқонунӣ алайҳи зерҳимояашро лағв кардаанд.
Худи Юрий Чабуев дар хитоб ба додрас изҳор доштааст, ки ман ба манфиати москвагиҳо фаъолият кардам, чун қабристон як қисми хоҷагии Маскав мебошад: “Кори ман дар доираи Сарқонун ва қонунҳои танзимкунандаи фаъолият дар умури қабристон буд”.
Аммо додситонӣ аз додрас талаб кардааст, ки Юрий Чабуевро раҳо накунад: “Дар сурати раҳоӣ Чабуев метавонад, иштирокдорони дигари муноқишаро, ки феълан дар ҷустуҷӯ қарор доранд, созиш кунад”.
Додрас шикояти кассатсионии вакилони Чабуевро рад кардааст ва дар назар аст, ки имрӯз, 7-уми июн шикояти кассатсионии чанд муттаҳами дигари ин қазияро баррасӣ кунад.
Қаблан мақомоти тафтишотии Русия алайҳи Юрий Чабуев, раҳбари пешини қабристони Хованское ва Александр Бочарников, ҳаммуассиси ташкилоти “Здоровая нация" барои ташкили куштор айб эълон карда буданд. Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотии Русия то ҳол қотилони бевоситаи шаҳрвандони Тоҷикистонро муайян накардаанд. Аз миёни 14 ҳабсшуда 12 нафарашон дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Қаблан “Комерсант” аз қавли манобеяш навишта буд, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Суҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованск рӯшан нест: “Ташхиси аввалия нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованск, балки дар шимоли он ёфт шудааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад як соат вақт мегирад”.
Тибқи навиштаи “Комерсант” ташхисгари судӣ изҳори шубҳа кардааст, ки Хушакови 26-сола ба муноқишаи 14-уми май рабт дорад ва эҳтимол ӯ шаби пеш аз муноқиша кушта шудааст: “Ду нафари дигар-Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 зери чархи мошини аъзои “Здоровая нация” ба ҳалокат расидаанд”.
Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, мақомоти Русия ахиран 5 тоҷик - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддиновичро бо иттиҳоми авбошӣ барои ду моҳи дигар ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.