Tcell ба кудакони ятим дарси истифода аз интернет меомӯзад
Ширкати мухобиротии “Tcell” дар ҳамкорӣ бо созмони “Caritas”-и Олмон барои хонандаҳои мактаб-интернатҳо дарсҳои истифода аз интернетро роҳандозӣ кардааст.
Масъулин ин тарҳ мегӯянд, ятимон аз ҳар каси дигар ниёзмандии бештар ба интернет доранд: “Барои онҳо зарур аст, ки шуғли ояндаи худро мушаххас карда, дар бораи он донишҳои босифат биандӯзанд ва ҷойи худро дар ҷомеа пайдо кунанд”.
Кормандони “Tcell” инчунин бо хонандаҳо дар мавриди имконоти бештари интернет суҳбат кардаанд. “Интернет на танҳо ҷойи пайдо кардани ҳамандешон, балки дастёбӣ ба сарчашмаҳои бузурги иттилоотӣ ва таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфуз мебошад. Тариқи интернет ҳатто метавон соҳиби кор шуд ва маоши хуб ҳам ба даст овард”,-гуфтанд масъулини ин ширкат дар суҳбат бо “Озодагон”.
Манбаъ мегӯяд, дарсҳои омӯзиши интернет алакай дар интернатҳои шаҳрҳои Турсунзода ва Шаҳринав гузаронда шуд ва дар онҳо аз 20 то 40 донишомӯзи 11-16-сола иштирок кард.
Қарор аст ин тарҳ дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам роҳандозӣ шавад.