7 мошини Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон
Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқи аслиҳаи қатли ом ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 7 мошини нави роҳпаймои таъиноташ умумӣ тақдим кардааст.
Аз Сафорати Амрико ба “Озодагон” гуфтанд, ин васоити нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) тақдим гардида, онҳо барои бошитоб кашонидани ҳайати шахсӣ ва бор ба ҳама ноҳияҳои сарҳадӣ истифода хоҳанд шуд: “Инчунин, қисми муайяни қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири мошинҳо таъмин шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кумак мерасонад: “Мошинҳои мазкур қисми яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1992инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ,маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст”.