Ёров: Чӣ гуна дар баҳс барои 2,5 ҳазор $ ҳаққи адвокат 10,6 ҳазор $ будааст?
Мурофиаи навбатии вакили дифои боздоштшуда-Бузургмеҳр Ёров, 6-уми июн бо ҳузури як ҷабрдида баргузор шудааст, ки иддао дорад, ин ҳуқуқшинос аз ӯ беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаст.
Дар ин бора ба “Озодагон” ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр хабар дода, афзуд, ки мурофиаи навбатии ҳуқуқшиносон Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, баъди зуҳри 6 июн баргузор гардид: “Мурофиа аз табрикоти рамазонии Бузургмеҳр, ки рӯзадор аст, оғоз гардид. Дар рафти мурофиа Бузургмеҳр даъвои як модару писар, сокинони ноҳияи Файзободро таҳлил кард. Ба гуфтаи Бузургмеҳр, Мелиқулова Дилбар ва Хоҷаев Беҳрӯз ҳарду қаблан нисбаташ даъво карда будаанд, вале Бузургмеҳр ин ҳамаро таҳлил карда, дурӯғҳояшонро исбот кардааст. Вобаста ба нишондодҳои Бузургмеҳр ин ду нафар фаҳмиданд, ки хатогиашон дар куҷо буда, ҳамаро аз нав бо дигар шакл навиштаанд”.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров гӯё ин ду даъвогар ба Бузургмеҳр 10 ҳазору 600 доллари амрикоӣ дода бошанд: “Вале дар нишондоди қаблиашон 6 ҳазор доллар навишта буданд. Модару писар аниқ гуфта наметавонанд, ки маҳз дар куҷо ин маблағро ба Бузургмеҳр додаанд. Танҳо мегӯянд, ки “як вақто ин пулро дода будем”. Бузургмеҳр дар рафти мурофиа гуфт, ки баҳси парванда барои тақсими амволи муштарак дар ҳаҷми 2500 доллар буд. Пас чи гуна инҳо ба ман 10 ҳазор доллар додаанд?”.
Дар ҳамин ҳол Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо боз ба мурофиа роҳ наёфтанд: “Қаблан масъулини суд аз намояндагони САҲА ва Иттиҳоди Аврупо талаб карда буданд, ки барои иштирок дар мурофиа бояд аз Вазорати умури хориҷӣ иҷозатнома биёранд. 6-уми июн онҳо ҳуҷҷатеро оварданд, аммо масъулини назди дари додгоҳ гуфтанд, ки муҳри ин ҳуҷҷат эътибор надорад”.
Ба мурофиаи қаблии Бузургмеҳр Ёров, ки санаи 30 май баргузор гардида буд, рӯзноманигорон низ роҳ наёфта буданд. Аз онҳо хоста буданд, ки барои иштирок дар мурофиа аз додгоҳи болоӣ-суди шаҳрӣ иҷозатнома биёранд.
Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд талаби ҳуҷҷат аз хабарнигорону намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ баҳона буда, дар қонунгузорӣ ин меъёр зикр нашудааст.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.