Оғози фаъолияти расадхонаи байналмилалии Данғара бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба кори расадхонаи байналмилалии “Санглох” дубора оғоз мебахшад.
Аз дафтари матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, расми ифтитоҳи расадхона фардо, 8 июн сура мепазирад. Ба иттилои манбаъ, расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”–и Институти астрофизикаи Академияи илмҳо дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 150 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.
Ҳоло дар Институти астрофизика дар баробари расадхонаи “Санглох” инчунин ду расадхонаи дигар: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м) ва расадхонаи “Помир” (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ фаъол мебошанд.
Расадхонаи “Санглох” соли 1977 бунёд шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1995 мақоми байналмилалиро гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст: “Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси (Йона, Олмон) оварда шуда, дар расадхона насб карда шудааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40000 километр аз сатҳи замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад. Чунончи, соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Ҳаллей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи “Санглох” бо ёрии телескопи қутраш 1 метра гирифта шуданд, дар ҳоле, ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшанокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд (чашми одамизод то 6 қутри ситорагиро дида метавонад)”.
Олимони Академияи илмҳо мавзеи ҷойгиршавии Расадхонаро аз нуқтаи назари физикӣ ва иқлими астрономӣ беҳамто маънидод мекунанд, ки барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ хеле мусоид мебошад, аз ҷумла дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз сатҳи замин то баландии зиёда аз 300 метр сифати аксҳои ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона доимо хуб мебошанд. Гуфта мешавад чунин имкониятро ягон расадхона дар ҷаҳон надорад, аз ҷумла расадхонаи машҳури Мауна Кеа, ки дар сӯрохии вулқони ҷазираҳои Гавай ҷойгир шудааст.