Додгоҳ никоҳи духтари тоҷикро бо марди рус бекор кард
Додгоҳе дар Санкт-Петербург никоҳи як марди маҳалӣ бо шаҳрванди Тоҷикистонро тақаллубӣ дониста, онро бекор кардааст.
Бино ба иттилои Додситонии Санкт-Петербург, шаҳрванди Русия бар ивази маблағ розӣ шудааст, ки ин занро расман ба никоҳи худ дарорад: “Муҳр дар шиносномаи ин муҳоҷирзан барои ба таври содда дарёфт кардани шаҳрвандии Русия лозим буд”.
Ба иттилои манбаъ, ин зану мард бо ҳам бори охир дар Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Петродвортс, дар рӯзи ақди никоҳ вохӯрдаанд: “Дигар ҳамдигарро надида ва зиндагии муштарак надоштаанд”.
Дар пайи шикояти Прокуратура додгоҳ ин никоҳро бекор кардааст.
Зоҳиран ин ягона ҳолати бекор кардани ақди никоҳи як зани тоҷик бо табааи Русия аст, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта аз ҳолатҳои никоҳи тақаллубии муҳоҷирони мард бо занҳои рус хабар дода мешуд.