Дахолати Р.Эмомалӣ ва ифшои сохтакорию партовҳои махсус хатарноки корхонаи “Зарафшон”
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, калонтарин корхонаи тавлиди тилло дар кишвар - “Зарафшон” муҳити зистро бо партовҳои махсусан хатарнок олуда карда, аз пардохти ҷуброни зарари экологӣ худдорӣ кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, танҳо барои ифлос намудани муҳити зист дар соли 2014 ин корхона, ки аксари саҳмияҳояш дар дасти чиниҳо қарор доранд, ба пардохти 13 миллиону 370 ҳазору 917 сомонӣ ҷуброни зарари экологӣ муваззаф шуд: “Аммо шахсони масъули корхона -муовини Директори генералӣ, Бобохонов Бобо Аҳмадхонович ва менеҷери шуъбаи бехатарӣ ва экологии корхона - Турсунов Қобил Дӯсталиевич қасдан бо мақсади саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ, гуруҳи хатарнокии партовҳоро паст нишон дода, барои соли 2014 ҳаҷми пардохтҳои экологиро то 561 ҳазору 726 сомонӣ поин овардаанд”.
Оҷонсии зидди фасод таъкид мекунад, ки ин ҳисоботи таҳрифшудаи ғайриқонунӣ санаи 6 марти соли 2015 бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидааст.
Ин ниҳод афзуд, ки бо мақсади муайян намудани асли кор таҳти назорати мутахассисони Оҷонсӣ дар корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон - "Зарафшон"-и шаҳри Панҷакент, ташхиси комплексии муҳосибӣ, кимёвӣ ва экологӣ таъин карда шуд: “Ташхис бо ҷалби коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ-криминалистии Вазорати адлия гузаронда шуда, муайян намуд, ки дар таркиби ин партовҳои корхонаи “Зарафшон” элементҳои кимиёвии Мис (Cu), Рух (Zn), Мишяк (As) Стронсий (Sr), Колбалт (Co) ва Никел (Ni) мавҷуд мебошанд. Ба иттилои манбаъ тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ партовҳое, ки дар таркибашон элементҳои кимиёвии зикршуда доранд, ба партовҳои хатарноки гурӯҳи 4-ум мансуб мебошанд.
Оҷонсии зидди фасод афзуд, ки дар асоси хулосаҳои нави ташхис аввали солио равон ҳаҷми пардохтҳои ҳатмии экологӣ барои корхонаи “Зарафшон” дар соли 2014 дар ҳаҷми 13 миллиону 370 ҳазору 917 сомонӣ таъин карда шуд.
Манбаъ илова намуд, ки дар пайи ин қазия нисбати Бобохонов Бобо Аҳмадхонович ва Турсунов Қобил Дӯсталиевич барои саркашӣ аз пардохтҳо ва расондани зарари махсусан калон ба давлат парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Оҷонсии зидди фасод таъкид намуд, ки дар асоси дастури хаттии директори ин ниҳод Рустами Эмомалӣ барои бартараф намудани қонуншиканиҳо ва таъҷилан супоридани пардохтҳои экологӣ раҳбарияти корхонаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент 13 миллиону 370 ҳазору 917 сомониро пурра ба буҷаи давлат пардохт намуд.