Коршинос: Қазоқистон оғозгоҳи “Баҳори Осиёи Миёна” мешавад
Президенти Пажуҳишгоҳи Шарқи Наздик, як ниҳоди мутаалиқ ба Академияи улуми Русия иддао кардааст, ки Қазоқистон оғозгоҳи “Баҳори Осиёи Миёна” мешавад.
Евгений Сатановский ин равандро ба ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Ховари миёна ба вуқӯъ пайваста, номи “Баҳори Ховари Миёна”-ро гирифт, монанд кардааст. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Известия” бо ишора ба он ки нооромиҳои ахири Қазоқистонро “Артиши озодии Қазоқистон” ба уҳда гирифт, гуфтааст, “Артиши озодии Қазоқистон”, ки то дирӯз вуҷуд надошт, ташкилотест, ки ҳадафаш сарнагун кардани ҳукумати Назарбоев ва исломӣ кардани Қазоқистон мебошад. Ин сенариёи “Баҳори Осиёи Марказӣ” аст".
Ба таъкиди Сатановский, гуруҳҳои мушобеҳ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд: “Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби наздик ба “Ал-Қоида” дар Афғонистон”.
Ба иддаои вай, ҳамаи ин ҳизбҳо таҳти контроли Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия буда, аз ҷониби Амрико бо дастгирии Бритониё ва Фаронса роҳбарӣ мешаванд: “Мантиқан, ҳамаи ин барои Русия хатарзо аст”. Ӯ дар идома гуфтааст, ки “заволи ҳар гуна режим дар Осиёи Марказӣ махсусан Қазоқистон фавқулода хатарбор аст ва мо бояд инро дунбол кунем”.
Рӯзи 5 июн дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон афроди мусаллаҳ ба мағозаи силоҳ ва қисми низомӣ гвардияи ин кишвар ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 6 нафар, бо шумули се низомӣ кушта шуд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар пайи амалиёт 12 ҳамлагар аз байн бурда шудаанд.