Таъхир дар баррасии парвандаи шикояти гӯяндаи маъруфи телевизион
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии парванда аз рӯи шикояти Лӯъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистонро, ки барои марги писари ягонааш ҷуброн талаб дорад, 10 июн муқаррар кардааст.
Хонум Бурҳонова мехоҳад, Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия барои марги писараш Дилшодбек Муродов 334 950 сомонӣ ҷуброн пардозад. Дилшодбек, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва шаш сол аз озодӣ маҳрум гардид, моҳи августи соли 2009 дар маҳбаси №3/1 ба ҳалокат расид. Лӯъбат Бурҳонова иддао дорад, ки писараш дар пайи латту кӯб фавтидааст. Бо гузашти ҳафт сол ва бо вуҷуди шикоятҳои пайвастаи модари Дилшодбек касе дар латту кӯби вай муҷрим ва муҷозот нашудааст.