“Мо мусалмонем, ба ваҳшат наафтед!” Гуруҳи хип-хопи занони ҳиҷобпӯш (ВИДЕО)
Се хонуми мусалмони муқими Амрико бо таъсиси як гуруҳи хип-хоп рақсҳоеро бо ҳиҷоб ва ниқоб ба намоиш мегузоранд.
Ин гуруҳ соли 2011 аз сӯи Амира Сакетт, раққоси касбӣ, Хореограф ва омӯзгор созмон ёфта, Хадича ва Имон ҳам шомили он ҳастанд. Гуруҳ “Мо мусалмонем, ба ваҳшат наафтед!” (We're Muslim, Don't Panic!) ном дорад. Ахиран “Ал-Ҷазира” дар бораи ин гуруҳ як гузориши видеоӣ таҳия кард, ки навори он дар Фейсбук ҳамагӣ дар як шабонарӯз 3 миллион бор дида шуд. Ҳоло ин рақам ба 7,1 миллион мерасад.
Гузориши “Ал-Ҷазира” ин хонумҳоро ба таври бесобиқа маъруф кард ва теъдоди бинандаҳои клипҳояшон ба маротиб афзуд.