Муҳоҷирати тоҷикон 7% ва бозгашташон ба Ватан 30% кам шудааст
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар панҷ моҳи соли равон муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба хориҷ 7 фоиз ва бозгашташон ба Ватан нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30% кам шудаст.
Тибқи иттилоияи расмии Хадамоти муҳоҷират тайи 5 моҳи гузашта 271 ҳазору 136 шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз кам мебошад: “Миёни муҳоҷирони сафаркарда зиёда аз 35 ҳазорашонро занҳо ташкил медиҳанд”.
Бар асоси иттилои расмӣ 267 ҳазору 814 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 33 ҳазору 317 зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди дигар ба Қазоқистон рафтаанд: “Дар панҷ моҳи соли равон ба хориҷи кишвар бо корҳои шахсӣ-14 ҳазору 385 нафар, тиҷорат-13 ҳазору 640 нафар, саёҳат-5 ҳазору 148 нафар, сафари хизматӣ- 660 нафар ва таҳсил 1 ҳазору 151 шаҳрванди мамлакат сафар намуданд”.
Дар мавриди бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар иттилоияи Хадамоти муҳоҷират омадааст, ки ба Ватан 108 ҳазору 917 муҳоҷир баргаштанд: “Ин нишондод нисбати соли гузашта 30 фоиз кам мебошад”. Ба иттилои манбаъ тайи 5 моҳ аз Русия 104 ҳазору 584 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 14 ҳазору 313 зан ба Тоҷикистон баргаштаанд.