Сиддиқӣ ҳамчунин афзуд, ки неруҳои пулиси афғон як нафари ниманизомиро, ки талоши иҷрои ҳамлаи интиҳорӣ дар Луйи Ҷирга (парлумон)-ро доштааст, ба қатл расондаанд. Ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ гумонбаршуда дар даромадгоҳи Донишгоҳи политехникии Кобул, ки қарор аст рўзи чаҳоршанбе дар он ҷаласаи навбатии ин ниҳод баргузор шавад, дар пайи як амалиёт кушта шудааст. Интизор меравад, ки дар маҷлиси навбатии Луйи Ҷирга дар бораи имзои Паймони роҳбурдии Афғонистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмимгирӣ шавад.