Пулис: Ошиқи тоҷик арӯси 18-солаашро ба Сурия фиристоданӣ буд
Мақомоти пулиси вилояти Бодканд як духтари 18-солаи қирғизро дар гузаргоҳи “Кизил-Бел” дар марз бо Тоҷикистон боздошт намудаанд, ки гӯиё бо кӯмаки маҳбуби тоҷикаш қасди пайвастан ба созмони террористии “ДИИШ” доштааст.
Тавре расонаи “Turmush” аз қавли мақомоти Қирғизистон хабар медиҳад, духтари 18-сола, сокини ноҳияи Алайи вилояти Ош, соати 7:00-и 4-уми июн боздошт гардид.
Ба иттилои ин манбаъ боздоштшуда тариқи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон қасди сафар ба Афғонистон ва баъдан ба Сурияро доштааст. Муфаттишони қирғиз изҳор доштаанд, ки ин ҷавондухтар қаблан барои кӯмак ба модари тоҷираш дар шаҳри Остона кору зиндагӣ мекардааст: “Он ҷо бо ҷавони тоҷик ошноӣ пайдо намудааст. Модар баъди огоҳӣ аз дӯстии духтараш бо ҷавони тоҷик ӯро бозпас ба Ватан фиристодааст. Аммо духтари қирғизу писари тоҷик тариқи WhatsApp муоширатро идома медодаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон тариқи шиносаш-сокини Ош ба ҷавондухтар барои сафар ба Тоҷикистон 200 доллари амрикоӣ додааст. Айни ҳол шаҳрванди 26-солаи Қирғизистон низ барои кӯмак ба ҷавондухтар боздошт гардидааст”.
Пулиси Қирғизистон гуфтааст, ҷавони тоҷик феълан низ дар Остона иқомат дорад ва ҷавондухтари қирғиз баъди бозпурсӣ ба падараш супорида шудааст.