4 маҷруҳ дар пайи занозании хатмкунандаҳо дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 7 хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11 дар Душанбе хабар дод, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 7 ноболиғи боздоштшуда хонандаҳои синфи 9 ва 11-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд: “Онҳо ҳамроҳи як нафари дигар, ки таҳсил намекунад, 3-юми июн тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро латукӯб намудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин занозании сокинони навраси Душанбе чор нафарашон ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд: “Феълан тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Ин занозании хатмкунандаҳо дар ҳолест, ки вазири маорифи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз нохушиҳо ва қоидавайронкуниҳо имсол ҷашни “занги камолот”-ро дар тамоми макотиби кишвар мамнуъ эълон кард.