Дуо ба ҷои ду сомонӣ: Иқдоми ронандаи хатсайри 8 ба муносибати Рамазон
Як ронандаи мусофирбари хатсайри рақами 8-и шаҳри Душанбе ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон хизматрасониро барои мусофирон ройгон кардааст.
Ин сокини 56-солаи шаҳри Душанбе имрӯз, 6-уми июн дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон”, ки миёни мусофиронаш буд, гуфт намехоҳад ном ва аксаш нашр шаванд: “Ман ҳамасола барои ризои Худо дар рӯзи аввали моҳи Рамазон ва Иди Фитр хизматрасониро ройгон анҷом медиҳам. Аз субҳ ҳам аз дигар ронандаҳо ва ҳам мусофирон раҳмату дуои хайр гирифта истодаам, ки ин барои ман беҳтар аз пулу мол мебошад”. Ба суол, ки оё дигар ронандаҳо низ аз ин иқдом пайравӣ кардаанд ё на, мусоҳиби "Озодагон" гуфт, намедонад.
Маркази исломии Тоҷикистон аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро 6-уми июн муайян намуда, эълон кард, ки “мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар шуда, аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад”.