Фирдавс: Намедонистам, ки ҳамсуҳбати ман аз ДИИШ аст
Як хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб барои суҳбатҳои интернетӣ бо аъзои гуруҳи тундрави ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ аз сӯи мақомот бозпурсӣ шудааст.
Фирдавс Муродов, хонандаи синфи 11-и мактаби №42 мегӯяд, тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳамагӣ ду бор бо як фарди ношинос суҳбат кард ва ӯро барои бозпурсӣ даъват карданд. Фирдавс дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, ки ҳангоми бозпурсӣ ба ӯ гуфтанд, ҳамсуҳбаташ як узви ДИИШ будааст: “Ман умуман намедонистам, ки ӯ кист ва ба чӣ коре машғул аст. Ман ҳатто номи асосии ӯро намедонистам. Ду бор гап задем ва аз якдигар ҷойи истиқоматамонро пурсидем. Аз нодонӣ қариб буд, ки ҳаёти худро зери хатар монам”.
Раъно Исматова, мудири мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори “Озодагон” аз Фирдавс Муродов ҷавони хуб тавсиф кард ва гуфт, рафтори хуб дорад ва то имрӯз дар мактаб ҳеч амали ноҷое анҷом надодааст.
Фирдавс мегӯяд, 10 сол қабл падараш даргузашт ва ӯ зери парастории модараш бузург шуд. Ӯ имсол мактаби миёнаро хатм мекунад ва аллакай ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супурдааст: “Мехоҳам мошинсоз шавам. Аллакай лоиҳаи чанд мошин дар фикрам ҳаст”.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта аз чанд ҳолате хабар доданд, ки аъзои ДИИШ шаҳрвандони кишварро тавассути интернет ба ин гуруҳ ҷалб кардаанд. Дар маҷмӯъ, бино ба оморҳо теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои иштирок дар ҷангҳо ба Сурияву Ироқ рафтаанд ба 1000 нафар мерасад.