Э.Раҳмон: Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионие сокинони кишварро бо моҳи шарифи Рамазон табрик кард.
Президенти кишвар Рамазонро моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд унвон карда, гуфт, он ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил ва иродаашро қавӣ мегардонад: “Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад”.
Эмомалӣ Раҳмон парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба шахсони муҳтоҷу камбизоат кумак кардан, аз ҳама гуна амалҳои ношоиста худдорӣ кардан, риояи ахлоқи ҳамида ва умуман, ба ҷо овардани амалҳои хайру савобро аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби ин моҳи шариф унвон карда, таъкид дошт, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ низ дар дини мубини ислом, бахусус дар моҳи рамазон амали писандида ба шумор меравад.
“Дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид гардидааст, ҳамчунин, барои мусулмонон як қатор сабукиҳое низ муқаррар шудаанд. Аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд. Бахусус, имсол низ, ки моҳи шарифи Рамазон ба оғози мавсими гармои тобистон рост омад, шояд ба шахсони бемор, калонсолон ва шахсоне, ки ба корҳои вазнин, аз ҷумла кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат парваришкардаи онҳо душвориҳо оварад. Зеро сари вақт ҷамъоварӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ки ризқу рӯзии мардуми деҳот ва умуман аҳолии мамлакат мебошад, омили муҳимми фаровонии дастурхони ҳар оила ба ҳисоб меравад. Яъне моҳи Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем”,-изҳор дошт Президент дар паёми телевизионии худ.
Ӯ гуфт, бар асоси талаботи фиқҳи ҳанафӣ барои онҳое, ки бо корҳои вазнин машғуланд ва нафароне, ки агар дарав накунанд, зироаташон талаф мешавад ва дар фасли зимистон ба оилаҳояшон вазнинӣ меорад, сабукӣ дода шудааст. Раисиҷумҳур Рамазонро моҳе хонд, ки дар баробари тоату ибодат дар он амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва аз худ дур кардан кинаву адоват амалӣ карда мешавад: “Махсусан, садақа намудан ба бечорагон, барҷомондагон, наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад. Инчунин дини мубини ислом доир ба додану гирифтани садақа ва анҷом додани хайрот дастур додааст, ки гирандаи он фақирон ва шахсони камбизоату серфарзанд буда, дар навбати худ, садақа додану хайрот кардани чунин одамон шарт нест. Дар сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки “Худованд ҳеҷ касро ба ҷуз ба андозаи тавонаш ба ҳеҷ коре вазифадор намекунад”. Бинобар ин, додани садақа ё хайр кардан ба муҳтоҷону камбизоатҳо танҳо ба сарватмандон ва шахсоне, ки имконияти моливу моддӣ доранд, ҷоиз аст”.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба даргириҳо ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар бархе кишварҳои мусалмонӣ ва ҳалокати ҳазорон одами бегуноҳ гуфт, гуруҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ мехоҳанд авзои ҷомеаи муосирро ноором ва суботи кишварҳои оламро халалдор созанд: “Ҳол он, ки дини мубини ислом дини мусолиматомезу сулҳхоҳ мебошад ва ҳама гуна тафриқаандозӣ, зӯровариву хушунат ва кинаву адоватро маҳкум мекунад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем”.