Муҳаммадмурод ҳам роҳхати олимпиро дарёфт кард
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, варзишгари шинохтаи тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де Женейро роҳхат гирифт.
Ин ҷудочии тоҷик тавассути квотаи қитъавӣ ҳаққи ширкат дар олимпиадаро соҳиб шудааст.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинги ахири Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни беш аз 100 кило миёни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48 ҷой гирифтааст.
Муҳаммадмурод сеюмин варзишгари тоҷику аст, ки ба Бозиҳои олимпии Бразилия роҳхат гирифт. Аз ин пеш Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар ҷудо соҳиби саҳмияҳои олимпӣ шуда буданд.