Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо ҳамтои чехи худ дар ин кишвар Мирослав Кренек мулоқот кард.
Дипломати тоҷик оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар аксарияти соҳаҳо инкишоф меёбанд. Тибқи гуфтаҳои дипломати тоҷик, гардиши мол дар байни ду кишвар ва ташкили корхонаҳои муштарак торафт афзоиш меёбанд.
Дар навбати худ, сафири Чехия ҷаноби Кренек изҳор дошт, ки масъалаи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Чехия низ мавқеи муҳим дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло низомиёни Чехия дар Афғонистон ҳузур доранд ва асосан ба омӯзондани афсарону сарбозони он кишвар машғуланд. Ба қавли дипломати чех, муносибатҳои Чехия бо Покистон низ хуб аст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазоратиумури хориҷа иттилоъ доданд, сафири тоҷик ҳалли қазияи Афғонистон ва нақши Покистонро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуда, инчунин кӯмаку мусоидати тамоми кишварҳои дахлдорро дар барқарорсозии сулҳу субот дар он ҷо таъкид сохт.