Барасии густариши муносибатҳои Тоҷикистону Исроил дар Душанбе
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вакили парлумони Исроил Кнессет Шарен, ки дар садри як ҳайати парлумонӣ вориди Душанбе шуд, мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот 2 июн сурат пазируфта, дар ҷараёни он хонум Кармела Шамир, сафири Исроил дар Душанбе ҳам ҳузур дошт: “Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, саёҳат, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Дар ин замина бар зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид”.