Даргузашти Мастура ва кӯмакхоҳии модараш: Қарзи доруҳоро диҳем...(ВИДЕО)
Мастура Ахмедова, як сокини 26-солаи ноҳияи Шаҳринав, ки бо гуфтаи наздиконаш моҳи март аз ҷониби хоҳаршӯяш сӯзонда шуда буд, баъди 55 рӯзи табобат даргузашт.
Муяссара Ахмедова, модари 55-солаи Мастура имрӯз, 3 июн ба дафтари “Озодагон” омада, гуфт духтараш 20 май дар беморхонаи касалиҳои пӯст фавтидааст.
Ба гуфтаи Ахмедова духтараш дар хонаи шавҳар сӯзонда шудааст, аммо хонаводаи шавҳараш изҳор медоранд, ки Мастур худсузӣ кардааст.
Ин модари ҷабрдида гуфт, ба “Озодагон” ба хотири дарёфти кӯмаки молӣ муроҷиат кардааст: “Барои табобати Мастура дар як рӯз то 1700-1800 сомонӣ сарф мешуд ва ҳоло 30 ҳазор сомонӣ қарздорам. Аз бонк пул гирифтаам, худам ва шавҳарам ҳар ду маъюбем. Як маротиба домоду қудоям ба дидани духтарам омада, гуфтанд, ки “худат худро сӯзондӣ”. Дигар онҳоро надидам, кумаке ба мо накарданд”.
Муяссара Аҳмедова аз афроди хайрхоҳ хоҳиш дорад, ки барои пардохти қарзҳояш аз бонк ва дорухонаҳо ба ӯ кӯмак кунанд. Афроде, ки тавони кӯмак доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 919 24 36 06 бо ин модари ниёзманд дар тамос шаванд.