Иттиҳоди Аврупо: Ҳукми наҳзатиҳо ваҳдатро халалдор мекунад
Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро, ки аъзои аршади ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард, интиқод намудааст.
Дар изҳороте, ки имрӯз, 3-юми июн аз қавли Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо нашр шудааст, мурофиаи аъзои ҲНИТ ношаффоф арзёбӣ шудааст. Косянчич изҳор доштааст, ки ҳаққи маҳкумшудаҳо барои мурофиаи мунсифонаи додгоҳӣ нақз шудааст: “Ин иқдом зидди уҳдадориҳои байналмилалист, ки Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Бояд далелҳои қотеи гунаҳкорӣ аз рӯи тамоми иттиҳомҳо пешниҳод мешуданд. Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон метавонад ба ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид кунад”.
Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳатто ҳангоми амалиёти нерӯҳои қудратӣ бояд ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун таъмин шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июн Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро ба 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳоро ба 2 соли зиндон маҳкум кард.