Аҷиб: Як ваннаи ҳаммом бо қимати 1,75 миллион $ савдо шуд
Гаронтарин ваннаи ҳаммом дар ҷаҳон ба маблағи 1,75 миллион доллар дар Дубай ба фурӯш рафт.
Шабакаи телевизионии «Ал-арабия» иттилоъ медиҳад, ки як ваннаи ҳаммом, ки аз санги қиматбаҳо ва камёбе бо номи «кайҷо» (Kaijo) сохта шудааст ва хосияти дармонӣ низ дорад, дар намоишгоҳи солонаи ҷавоҳироти Дубай бо арзиши гарон фурӯхта шуд. Харидори ванна номи худро фош накард ва иброз дошт, ки бо ин харидорӣ мехоҳад аз хосиятҳои дармонии ванна баҳра барад ва майли худ ба доштани ҷавоҳиротро қонеъ намояд. Ширкате, ки ин ваннаро сохтааст, мавсум ба «Кайҷо» буда, аз ҷиҳати сохту қимат дар ҷаҳон ягона буда, энержизойӣ, дармонбахшӣ ва шодобиофаринии он назире надорад. Маврид ба тазаккур аст, ки аз хосиятҳои дармонии санги қиматбаҳои кайҷо ҳанўз дар замонҳои пеш чиниҳо, мисриҳо ва арабҳо дарак доштанд ва ин ванна ҳамчунин бо алмосу дигар сангҳои қимматбаҳо ороиш ёфтааст.