Падари Авзалшоҳ: Барои табобати писарам ёрӣ диҳед
Авзалшоҳ Умаров, сокини 22-солаи пойтахт барои табобати маризии гурдаҳояш аз кулли ҳамватанони саховатманд ва хайрхоҳ кумак мехоҳад.
Раҷаб Умаров, падари Авзалшоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси ташхиси табибон гурдаҳои писараш ҳамаги 15-20 дарсад фаъол ҳастанд ва бояд фавран иваз карда шаванд. Аммо ба гуфтаи Умаров ин кор маблағи зиёдро талаб мекунад, ки онҳо надоранд. Вай мегӯяд, ҳарчӣ дошт то ин замон сарф кард ва ҳоло дастнигар шудааст: “Ҳар се рӯз дар беморхона як бор диалез кардан лозим меояд, аммо ман ҳатто барои ин маблағ надорам. Шукри Худо, ки ҳамсояҳо кумак карда истодаанд”.
Раҷаб Умаров афзуд, писараш аз 18 феврали соли равон ба ин дард гирифтор шуд: “Ҳолаташ якбора вазнин шуд. Ба беморхонаи “Медгородок” бурдем. Табибон баъди ташхис гуфтанд, ки писарам гирифтори бемории “Гломерулонефрити музмин дар марҳилаи авҷ. Норасоии музмини гурдаҳо марҳилаи терминалӣ ва камхунии Брайт” аст”.
Авзалшоҳ 22-сол дошта, донишҷӯи соли сеюми факултаи Химия ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Падари Афзалшоҳ мегӯяд, барои нафаре, ки ҷойи кори доимӣ надорад зиндагӣ дар шаҳр хело душвор аст: “Бо панҷ фарзандам дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ-и пойтахт зиндагӣ мекунам. Маблағе, ки ба даст меорам танҳо барои хуронидани оилаам мерасад”.
Ӯ дар идома аз ҳама афроди саховатманди кишвар даъват кард, ба ҳадди имкон барои муолиҷаи писараш дасти ёрӣ дароз кунанд.
ШУМОРАИ ТАМОС БО ПАДАР ВА ХЕШОВАНДОНИ АВЗАЛШОҲ: 918 20 77 72, 985 17 02 36.
Суратҳисоб барои кӯмак: