Ҳушдори муфтӣ ба тоҷирони қиматфурӯш: Рӯзаро барои ҳамсоя мегиред?
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз эҳтимоли боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ҳушдор дода, аз тоҷирон даъват намуд, ки аз ин моҳи хайру эҳсон сӯиистифода накунанд.
Абдулқодирзода, имрӯз, 3-юми июн зимни мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, ки дар бозорҳо маводи ғизоӣ зиёд аст, аммо бархе тоҷирон, сарфи назар аз талоши мақомот барои поин нигоҳ доштани нархҳо, маҳсулоташонро қиммат мефурӯшанд.
Ӯ дар хитоб ба тоҷирони Тоҷикистон гуфт, “Рамазон моҳи раҳмату мағфирату бахшандагӣ аст, ба бародарони мусалмони худ, ки онҳо ҳам рӯзадоранд, раҳм кунед, нархро боло набаред. Баланд бардоштани нархи молу маҳсулот беэҳтиромӣ нисбати рӯзадору моҳи Рамазон аст”.
Раиси Шӯрои уламо аз тоҷирон суол кард, ки вақте рӯза мегиреду бо сӯиистифода аз Рамазон нархҳоро боло мебаред, рӯзаю мусалмонӣ чӣ мешавад: “Рӯзаро ба хотири ҳамсояатон мегиред?”
Абдулқодирзода бо зикри хосиятҳои Рамазону аҳкоми шариат бори дигар тоҷиронро ба риояи адлу инсоф даъват намуд.
Ин даъвати муфтӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон боло рафтани нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон як навъ анъана шудааст.