“Нелегал-2016”: Дар Тоҷикистон бештар чиниҳо қонунро нақз мекардаанд
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи амалиёти вижаи “Нелегал-2016” дар қаламрави вилояти Суғд 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, амалиёти мазкур аз 10 то 31 май идома ёфта, зимни он аз ҷумла маълум шудааст, ки дар 11 ҳолат шаҳрвандони Чин ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд: “Аз ҷониби шаҳрвандони Молдова 2 ҳолат, Узбакистон 2, Белорус 3 ва тарафи шаҳрвандони Украина 2 ҳолат ошкор гардид”.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон роҳ додаанд, парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол кардааст.
Манбаъ ҳадафи амалиёти “Нелегал-2016”-ро “ошкор сохтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” арзёбӣ кардааст.