Пешгӯии борон ва раъду барқ дар Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар кишвар ҳушдор додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод то 4-уми июн дар кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Бо зикри ин мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш намудаанд, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ ва дигар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки моҳи май дар дайи зарбаи раъду барқ дар Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расиданд.