Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон: Эҳтимол Уктамҷон дар пайи бадрафторӣ фавтидааст
Баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, 2 июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷанд Уктамҷон Игамов, як сокини 37-солаи шаҳри Турсунзода ба ҳалокат расидааст. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, эҳтимол Игамов дар пайи бадрафторӣ фавтидааст.
Ин марказ бо пахши як изҳорот гуфтааст, Уктамҷон Игамов аз бемории гепатит ранҷ мебурд ва бидуни кумаки тиббӣ мондааст. Бино ба иттилои вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова Игамов 19 май бо иттиҳоми анҷоми ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта боздошт шуда, 28 май аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт: “2 июн дар ҳолати беҳушӣ ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ бурда шуд ва соати 15:40 даргузашт”.
Табибон далели фавти ӯро хунравии узвҳои ҳозима ва аз кор мондани гурда гуфтаанд. Адвокат мегӯяд, Уктамҷон аз гепатити “В” ранҷ мебурд ва ба истеъмоли дору ва ғизои махсус ниёз дошт: “Додгоҳ бояд вазъи саломатии зерҳимояи маро ба назар мегирифт ва иҷозаи боздошти ӯро намедод. Аммо вайро ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд. Тафтишро раёсати КДАМ дар вилояти Суғд бар уҳда дошт. Ба Игамов кумаки тиббӣ расонда нашудааст. Ҳангоми дидор бо зерҳимояам, мушоҳида кардам, ки вазъи саломатиаш хеле бад аст. Ҳоло шоҳиди марги ӯ шудам”.
Ба таъкиди Дилафрӯз Самадова, ҳар боздоштшуда ҳаққи муносибати дурустро дорад: “Зерҳимояи ман дар муассисаи пӯшида қарор дошт ва наметавонист мустақилона ба саломатии худ ғамхорӣ кунад”.
Дар ҳамин ҳол, Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аст, хубар медиҳад, дар робита ба ҳалокати Уктамҷон Игамов Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.