Дар шаҳри Бахчисарай бо иштироки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Украина ҷаласаи диаспораи тоҷикони Қрим баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар шаҳрҳои Симферепол, Севастопол, Евпатория, Судак ва Бахчисарай кору зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ гардид, ташкили шӯрои диаспораи тоҷикони ҷумҳурии Автономии Қрим буд. Зимни муҳокимаронӣ ба Шӯро номзадии ячанд ҳамватани фаъол аз шаҳру навоҳии мухталифи Қрим пешниҳод гардиданд. Ба сифати райиси Шӯрои диаспораи тоҷикони Қрим Ҳайбулло Кароматов аз шаҳри Севастопол интихоб шуда, ҳамчунин вазифаҳои асосии Шӯро барои ояндаи наздик матраҳ шуданд. Дар охири ҷаласа намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Украина дар бораи фаъолияти сафорат дар самти густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина маълумот доданд.