Фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон (ВИДЕО)
Душанбеи 6 июн нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон аст.
Бино ба маълумоти тақвиме, ки Маркази исломии кишвар нашр кардааст, дар ин рӯз давомнокии рӯза 17 соату 5 дақиқаро ташкил хоҳад дод.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Ҷамолиддин Хомушов, масъули раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба “Озодагон” дар бораи фазилатҳои ин моҳи муборак гуфт.