Ифтитоҳи нахустин осорхонаи исломӣ дар Швейтсария
Дар шаҳри Ла Шо де Фони Швейтсария аввалин осорхонаи исломӣ ифтитоҳ шудааст.
Нодиа Кармус, раиси ин осорхона ҳадафи бунёди онро муарифии фарҳанги исломӣ дар ҷаҳон унвон кардааст. Осорхона бо дастгирии кишвари Кувайт бунёд шудааст.
Ба гуфтаи Нодиа, сохтмон ва тамоми омодагиҳои осорхона 15 сол замон бурдааст. Дар маросими ифтитоҳи осорхона Бадир Ал-Таниб, сафири Кувайт дар Швейтсария низ иштирок доштааст.