Генерал Раҳимзода аз номи Президент ба кӯдакони Рашт яхмос тақдим кард
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Рашт қарор дорад, ба муносибаи Рӯзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба кӯдакону наврасони ин ноҳия яхмос тақдим кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, тақдими яхмос имрӯз, 2 июн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Рашт дар аксияи яхмос сурат гирифтааст: “Аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат шодию хурсандии кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд”.
Манбаъ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо ҷавонону наврасон онҳоро ба омӯхтани илму дониш, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир ва машғул шудан ба варзиш даъват намудааст.